СММ: Беш аз 1,5 миллион нафар аз Украина фирор карданд

СММ хабар дод, ки дар давоми даҳ рӯз шумори гурезагон 1,5 миллион нафарро ташкил дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Филиппо Гранди, комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон гуфт, шумори гурезагон аз Украина дар даҳ рӯзи охир аз 1,5 миллион нафар ҳам гузашт.

"Зиёда аз 1,5 миллион гуреза аз Украина дар тӯли 10 рӯз ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд. Ин буҳрони паноҳандагон дар Аврупо пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ бо суръати баландтарин рушд аст”, - навишт дар саҳифаи "Твиттер"-аш Гранди.

Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Артиши Русия беш аз 2200 зерсохти низомии Украинаро нобуд кардааст
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.