ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Шаҳрвандони Русия дар хориҷ аз кишвар зимни хариё ё гирифтани маблағ метавонанд аз корти "Мир" - "UnionPay” истифода намоянд, иттилоъ додааст РИА "Новости” дар истинод ба Низоми миллии кортҳои пардохтии Русия.
“Барои пардохти харидҳо ва гирифтани пули нақд дар хориҷа шумо метавонед корти “МИР” - "UnionPay” бигиред, ки он ҳам дар Русия ва ҳам дар 180 кишваре, ки бо "UnionPay" ҳамкорӣ мекунад, қабул карда мешавад”, - қайд кардааст манбаъ.
Тибқи иттилои сомонаи “UnionPay”, чунин кортро акнун метавон аз чанд бонки Русия дарёфт кард: "Росселхозбанк", "Газпромбанк", бонки "Солидарност", бонки "Санкт-Петербург", "Промсвязбанк", бонки ВБРР, "Примсотсбонк", бонки Приморе, "Зенитбонк" ва "Постбанк". "Сбер" ҳоли "имкон"-и дохил кардани чунин низомро баррасӣ карда истодааст.
Ёдовар мешавем, рӯзи якшанбе низомҳои байналмилалии "Visa" ва "Mastercard" эълон карданд, ки фаъолияташонро дар Русия мутаваққиф карданд. Тибқи изҳороти Бонки марказии Русия, кортҳои пардохтии "Visa" ва "Mastercard", ки бонкҳои Русия нашр мекунанд, то анҷоми муҳлати истифодаашон ба таври маъмулӣ дар дохили кишвар кор мекунанд. Ҳама маблағҳои суратҳисоб, инчунин ҳама амалиёти муқаррарии пардохт дар ихтиёри дорандагони онҳо боқӣ мемонанд.
Дар баробари ин муомилоти фаромарзӣ ва харид дар мағозаҳои интернетӣ аз хориҷӣ дастрас нахоҳад буд.
Ҳангоми сафар ба хориҷ Бонки марказии Русия тавсия додааст, ки шаҳрвандон бо худ пули нақд ва корти “Мир” бигиранд. Бояд гуфт, корти “Мир” на дар ҳама кишварҳо фаъол аст.
Ҳоло корти "Мир" дар Туркия, Ветнам, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон фаъол аст.