Оғози сабқатҳо барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон миёни шоҳмоту шашкабозон

Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон мавсими чоруми мусобиқот барои дарёфти ҷоизаҳои раисҷумҳури кишвар баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон мавсими нави Ҷоми шоҳмоти президент оғоз мешавад.
Дар ин бора Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Варзишгарони тамоми мамлакат барои гирифтани мукофотҳои фахрии мусобиқа мубориза мебаранд. Дар марҳалаи якуми мусобиқа шоҳмотбозон дар маҳаллаҳо, шаҳраку шаҳрҳо ва вазорату идораҳо иштирок мекунанд.

"Интихоби марҳилаи ниҳоии мусобиқот дар тӯли як сол баргузор мешавад. Пас аз марҳилаи аввал дар вилояту шаҳрҳои мухталифи кишвар набардҳои шоҳмотбозӣ баргузор мешаванд. Дар марҳилаи севум шатранҷбозони Душанбе рақобат хоҳанд кард", - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, марҳилаи ниҳоӣ, чаҳорум ҷумҳуриявӣ хоҳад буд. Он дар охири сол барпо мегардад.
Ғайр аз ин соли қаблӣ дар доираи мусобиқа ба ғайр аз рақобатҳо миёни шоҳмотбозони касбӣ ва ҳаваскорон мусобиқаи шашкабозӣ низ барпо гардид. Соли ҷорӣ, чунон ки Илҳом Юнусов гуфт, қоидаи мусобиқа бетағйир аст — мусобиқаи шашкабозон низ барпо мегардад.
Ба ҷуз Ҷоми президент дар моҳи май дар кишвар Чемпионати шоҳмоти ҷумҳуриявӣ байни мардону занон низ баргузор мешавад. Дар моҳи август Қаҳрамонии шоҳоти ҷумҳурӣ миёни писарону духтарон барпо мегардад.
Ҳарифи Одилов аз мубориза бо ӯ даст кашид
"Мо инчунин интизори баргузории мусобиқаҳо дар Ӯзбекистон ҳастем, ки санаи онҳо ҳанӯз мушаххас нашудааст. Агар дар ҷаҳон ҳама чиз хуб шуд, пас мо интизорем, ки имсол Олимпиадаи шоҳмот баргузор мешавад", — гуфт Юнусов.
Ёдовар мешавем, Ҷоми шоҳмоти президенти Тоҷикистон соли 2019 таъсис ёфта буд. Мусобиқа дар чаҳор марҳила баргузор мешавад. Он дар байни бозигарони касбӣ ва ҳаваскорон гузаронида мешавад.
Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар мусобиқоти дастаӣ барои ҷои аввал 30 ҳазор сомонӣ, барои дуюм 25 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи сеюм 20 ҳазор сомонӣ ҷоиза муқаррар шудааст. Дар рақобатҳои инфиродӣ маблағи умумии ҷоиза 25 000 сомониро ташкил медиҳад.