Мақомоти Хатлон барои сохтмони мактабҳо беш аз 11 миллион равона хоҳад кард

Мақомоти вилояти Хатлон барои сохтмони мактабҳои нотамом 11,3 миллион сомонӣ ҷудо кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Хатлон дар соли равон барои сохтмони мактабҳои нотамом ва бунёду лоиҳакашии онҳо беш аз 11,3 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж” дар истинод ба Сарраёсати молияи вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, ин маблағҳо барои бунёди 7 муассисаи таълимӣ дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Данғара, Балҷувон, Шамсиддини Шоҳин, Ҳамадонӣ, Восеъ, Бохтар, Балхӣ, Муъминобод ва таъмиру лоиҳакашии мактабу синфхонаҳои иловагӣ пешбинӣ гардидааст.
Мақомоти Суғд гуфтанд, ки чанд мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад
Дар ҳамин ҳол Раёсати маорифи вилояти Хатлон низ хабар додааст, дар вилоят 13 мактаби нотамом вуҷуд дорад, ки соли гузашта ду мактаб бо маблағгузории буҷети вилоят сохта ба истифода дода шудааст.
Қайд карда шудааст, ки ҳоло сохтмони 11 мактаби нотамом (2 адад дар шаҳри Кӯлоб, 1 адад Дӯстӣ, 2 ададӣ дар Қубодиён, Шаҳритус, Хуросон, Балхӣ ва шаҳри Левакант) идома дорад, ки марҳила ба марҳила бунёд хоҳанд шуд.