Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия

Тоҷикистону Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия ба тавсеаи ҳамкориҳо ва афзоиши гардиши молу маҳсулот аҳамияти ҷиддӣ хоҳанд дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия ба Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия сафари корӣ анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Дар ин сафари худ сафири Тоҷикистон дар Русия бо Радий Хабиров, роҳбари Ҷумҳурии Бошқирдистон дидору гуфтугӯ кард.
Зимни ин дидор вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистон дар соҳаҳои иқтисоду савдо баррасӣ шуд.

“Аз ҷумла, ба зарурати густариши ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, бахши агросаноатӣ, ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои муштарак, маориф ва илм, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва татбиқи лоиҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ таъкид карда шуд”, - қайд кардааст манбаъ.

Ҳамчунин сафири Тоҷикистон бо президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Бошқирдистон Тимур Ҳакимов мулоқот кард. Зимни суҳбат масоили муҳими рушди ҳамкориҳои дуҷониба, ташкили форуми тиҷорӣ муҳокима гардид.
Сафир: Силоҳи Русия омодагии ҷангии артиши Тоҷикистонро тақвият медиҳад
Оқои Гулмаҳмадзода аҳамияти тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо ва афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистонро муҳим арзёбӣ кард.
Дар вохӯрӣ доираҳои тиҷоратии минтақа низ, ки ҳавасманди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳастанд, ширкат варзиданд.