ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Facebook бар асари басташавӣ дар Русия метавонад солона то 40 миллиард рубл даромади худро аз даст диҳад, менависад "Известия".
Роскомнадзор рӯзи 4 март ба масдуд кардани дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Фейсбук, мутааллиқ ба ширкати амрикоии Meta оғоз кард. Сабаби ин табъиз алайҳи аккаунтҳои расонаҳои Русия аст, ки қонуни федералро нақз мекунад.
Бо вуҷуди ин, Facebook аллакай бидуни он аудиторияашро дар Русия аз даст медиҳад, қайд мекунад рӯзнома.
Тибқи маълумоти Saxo Bank, дар Русия ин шабакаи иҷтимоӣ аз рӯи шумораи корбарон танҳо дар ҷои ҳафтум қарор дорад - 8,9 миллион. Барои муқоиса, дар VK 72 миллион ва дар "Одноклассники" 46,5 миллион нафар корбаронанд. Маҳбубияти шабакаи иҷтимоӣ махсусан дар миёни ҷавонон поин рафтааст.
"Facebook чанд сол пеш ҷолиб буд, вақте ки он як василаи иртиботӣ ҳисобида мешуд, на як мошини таблиғоте, ки аз ҷониби афроди номаълуме, ки шаҳрванди Русия нестанд, истифода мешуданд",- гуфт Артем Кирянов, муовини раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Думаи Давлатӣ.
Ба гуфтаи ӯ, моҳҳо ва рӯзҳои ахир маълум шудааст, ки ин расона ба як даҳони Амрико табдил ёфта, иттилооти якҷониба, таблиғотӣ, изҳороти шубҳаноку бардурӯғ дар бораи ҳодисаҳои дар Русия ва ҷаҳонро пахш мекунад.
Мудири "Лигаи бехатари интернет" Екатерина Мизулина низ бар ин назар аст, ки Facebook ба як воситаи ҷанги иттилоотӣ алайҳи Русия табдил шудааст. Дар ояндаи наздик, вай басташавӣ ва Instagram-ро низ аз эҳтимол дур намедонад. Илова бар ин, маълумоти фейкӣ дар WhatsApp низ паҳн мешаванд, аммо на дар ҳаҷми мисли Facebook.
Тибқи ҳисобҳои пешакии Ассотсиатсияи корбарони касбии шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо, дар соли 2021 таблиғгарони рус ба Facebookдар Русия ҳудуди 40 миллиард рубл пардохт кардаанд. Эҳтимол аст, ки шабакаи иҷтимоӣ аз сабаби басташавӣ қариб ҳамаи ин даромадро аз даст диҳад, гуфт роҳбари иттиҳодия Владимир Зиков.