ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Аз 24 феврали соли равон беш аз 216 ҳазор шаҳрванди Украина вориди Молдова шуданд, ки 1429 нафари онҳо дархости паноҳандагӣ кардаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Русия.
"Аз 24 феврал то 3 март 216 490 шаҳрванди Украина вориди Молдова шуданд. Дар ҳамин давра 138 341 шаҳрванди Украина қаламрави Молдоваро тарк карданд, 1 429 шаҳрванди Украина ба Бюрои муҳоҷират ва паноҳандагӣ муроҷиат кардаанд", — иттилоъ додааст "Telegram-канал"-и ВКДР.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.