ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Манбаъ аз Вазорати транспорти Афғонистон гуфтааст, ки ду тараф ахиран дар шаҳри Кобул дидору гуфтугӯ кардаанд. Мавзуи аслии мулоқот азсаргирии парвозҳо байни Кобул - Маскав буд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Парвозҳо миёни Русия ва Афғонистон пас аз ба сари қудрат расидани толибҳо мутаваққиф шуданд.
Дар авоили моҳи август толибон ҳамлаҳои худро ба нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд.
Сипас эълом карданд, ки ҷанги тӯлонӣ дар Афғонистон ба поён расидааст.
Дар ду ҳафтаи охири моҳи август шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо кор мекарданд, аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти назорати Амрико буд, хориҷ карда шуданд.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии худ дар Афғонистон хотима доданд.