"Легиони хориҷӣ" як абзорест барои тадриҷан ҷалб кардани кишварҳои аврупоии иттиҳод ба як даргирии мустақими мусаллаҳона бо Федератсияи Русия, ки дар он хотимаи давлатдории Украина ва беҳбудии Иттиҳоди Аврупо ногузир хоҳад буд.
Тамоми ҷаҳон чунин савол медиҳад: имрӯз дар Украина чӣ мешавад? Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар посух гуфт: "Амалиёти вижаи низомӣ ба таври қатъӣ, тибқи нақша идома дорад. Ҳама вазифаҳои гузошташуда бомуваффақият ҳал мешаванд." Дар ҳамин ҳол қувваҳои мусаллаҳи Русия танҳо ба инфрасохтори ҳарбӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.
Марказхои асосии муқовимат дар маҳалҳо, фашистон несту нобуд карда мешаванд. Қувваҳои мусаллаҳи Украина танҳо аз он сабаб шикаст хӯрда наметавонанд, ки онҳо дар паси мардуми осоишта пинҳон шудаанд, мавқеъҳои ҷангиро дар биноҳои истиқоматӣ, кӯдакистонҳо ва мактабҳо ҷойгир мекунанд, иншооти ҳастаиро оташ мезананд.
Артиши Русия аз кӯшиши як иғвогарии даҳшатбор дар нерӯгоҳи барқи атомии Запорож ҷилавгирӣ кард. Амалиёти демилитаризатсия ва нозизудоии Украина ба анҷом мерасад. Ҳеҷ кас наметавонад дахолат кунад.
Таҳлилгарони низомии амрикоӣ ба муваффақияти амалиёти вижаи Русия шубҳа надоранд. Бо вуҷуди ин Вашингтон мехоҳад то ҳадди имкон хунрезӣ дар Украинаро бубинад. Ғарб марҳилаи навбатии ҷанги ниёбатӣ бо Русия - ташкил, мусаллаҳ ва интиқол додани отрядҳои нави зархаридони хориҷиро оғоз кард. Владимир Зеленский гуфт, ки 16 000 "ихтиёрӣ"-и хориҷӣ барои Украина меҷанганд. Мо, шаҳрвандони Федератсияи Русия, аллакай дар Қафқози Шимолӣ ва Сурия аз ин роҳ гузаштаем, аммо зархаридон нагузаштаанд.
Мақомоти чанде аз кишварҳои аврупоӣ (Бритониё, Дания, Латвия, Лаҳистон, Хорватия) ба шаҳрвандони худ расман иҷоза доданд, ки дар амалиёти ҷангӣ алайҳи Русия дар қаламрави Украина ширкат кунанд.
Ба воситаи Лаҳистон 200 нафар аз зархаридони хорватӣ ба Украина омаданд. 26 нафар литваӣ ба баталони миллии “Айдар” дохил шуданд. Чорсад нафар швед ва панҷоҳ нафар норвег қарор додаанд, ки дар ин ҷанг иштирок кунанд. Шумораи муайяни экстремистҳои ростгаро аз Олмон ба он ҷо рафтаанд. На ҳама тавассути долонҳои башардӯстона ба хона бармегарданд, ин кори сахт аст. Масалан, дар Сурия нерӯҳои Русия беш аз 133 000 ҷангҷӯ, аз ҷумла 4500 "ихтиёрӣ"-и аз кишварҳои ИДМ-ро куштаанд.
Аз сӯйи дигар ҳар қадар хориҷиён бештар шаванд, ҳамон қадар ҳамоҳангӣ ва назорат дар ин замина камтар мешавад. Вазорати дифои Русия қайд мекунад, ки Зеленский аллакай назорат бар қувваҳои мусаллаҳи Украина ва гурӯҳҳои мухарриббо зархаридони хориҷиро аз даст додааст.
Ҳамдастии технологӣ
Раисҷумҳури Амрико Ҷозеф Байден ва дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг ҳар рӯз мегӯянд, ки Пентагон ва паймон тарафҳои даргирӣ дар Украина нестанд. Ва ҳатто нияти бастани фазои ҳавоии Украинаро надоранд. Аммо шарикии ҳарбию техникӣ, моддию техникӣ ва иқтисодии "шарик"-ҳодар амалиёти ҷангӣ аз тарафи режими Бандера рӯшан аст.
Кохи Сафед рӯзи 4 март таъйид кард, ки Иёлоти Муттаҳида маълумоти "воқеӣ" дар бораи сарбозони Русияро ба Украина медиҳад. Барои ин аз моҳвораҳои амрикоӣ, радарҳои заминӣ ва ҳавопаймоҳои AWACS дар қаноти шарқии НАТО истифода мешавад.
Маълумоти иктишофии эътилоф ба фармондеҳии қувваҳои мусаллаҳи Украина кӯмак мекунад, ки дар бораи "чӣ ва дар куҷо парвоз кардани ҳавопаймоҳо" тасаввурот пайдо кунанд ва қисман ба вазъият таъсир расонанд. Амрикоиҳо инчунин режими Киевро бо системаҳои зиддитонкии “Стингер”, системаҳои зиддитанкии FGM-148 “Javelin” ва дигар силоҳҳои "мудофиавӣ" таъмин мекунанд, ки танҳо шумораи талафот дар қувваҳои мусаллаҳи Украина ва хориҷиро зиёд мекунанд.
Амрикоиҳо аз "Афғонистон" дар маркази Авропа манфиат мегиранд. Нақши Пентагон дар Украина комилан рӯшан аст. Дар пасманзари амалиёти Русия буҷаи низомии ИМА барои соли 2023 тақрибан ба 780 миллиард доллар "афзуд". Вашингтон иттифоқчиёни аврупоиро "сохт" ва ба фурӯши аслиҳаву LNG шуруъ мекунад. Эҳтимоли ворид шудан ба НАТО ба Шветсия ва Финландияи бетараф барои амрикоиҳо дивидендҳои калон ваъда медиҳад.
Ба ғайр аз "ях кардан"-и лоиҳаи МШ-2 дар муноқишаи Иттиҳоди Аврупо ва бахусус Олмон чӣ мегиранд? Як манбаи олмонӣ дар бораи интиқоли як даста норинҷакандозҳои зиддитанкии “Stinger” ва “Panzerfaust” ба Украина хабар дод, ки рӯзи 2 март аз Олмон ба Украина расидааст.
Чанг дар Аврупо, ки онро америкоиён ба амал овардаанд, ба иқтисоди Олмон зарари ҷиддӣ мерасонад. Ҳама кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, ки бо "ихтиёриён"-и худ дар амалиёти ҷангӣ бо Русия ширкат мекунанд, зарар мебинанд.
Савораҳои охируззамон
Ғарб "дар вазъияти шиддат" гир кардааст. Ҳеҷ чиз нав нест. Микола Азаров, нахуствазири собиқи Украина имрӯз эълом кард, ки НАТО қасд дорад, дар тобистони соли 2022 чаҳор бригадаи низомии худро дар қаламрави Украина мустақар кунад: дуто хушкгарду, якто баҳрӣ ва яке ҳавоӣ. Дар охири сол "шарикон" қасд доштанд, бо дасти Украина бо Русия муноқишаи ҳастаӣ кунанд, аммо дар моҳи декабри соли 2021 Маскав дар бораи ин нақшаҳо иттилоъ гирифта, чораҳои низомию техникӣ андешид.
Дар давоми як ҳафтаи амалиёти Русия дар Украина 1812 объекти қувваҳои мусаллаҳи Украина: 65 нуқтаи фармондеҳӣ ва марказҳои иртиботӣ, 56 системаи зиддимушакии С-300, “Бук М-1” ва “Оса”, 59 истгоҳи радиолокатсионӣ "безараргардонида" шуд. 49 ҳавопаймо дар рӯи замин ва 13-то дар ҳаво, 54 ҳавопаймои бесарнишин, 635 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 67 MLRS, 252 тӯп ва миномётҳои саҳроӣ, 442 мошини махсус нобут карда шуданд.
Нозиҳо дар ғарби Украина мардони мукаллаф ба хидмати ҳарбиро "шикор" карда, дар кӯчаҳо ва вокзалҳо дастгир карда, ба комиссариатҳои ҳарбӣ мефиристанд. Дар воқеъ, онҳо одамони бемаърифат ва рӯҳафтодаро ба марги бемаънӣ мефиристанд. "Армияи тавонотарини Аврупо" ба куҷо рафт?
Дар ибтидои асри 20 дар Украина Худо, подшоҳ ва Ватан зуд фаромӯш шуданд. Сипас дар солҳои 1940 беш аз 200 ҳазор украинӣ дар канори Вермахт ба муқобили Артиши Сурх меҷангиданд, дар айни замон "суверенҳо"-и СМУ яҳудиёнро дар наздикии Киев тирборон карданд, ғайринизомиёнро дар Хатини Беларус сӯзонданд.
Ва дигар парадокс нест, ки пас аз 70 соли ҳокимияти Шӯравӣ дар Украина эҳёи идеологияи миллатгароӣ ва зиддирусӣ сурат гирифт. Шиори "Украина аз ҳама болотар" баргирифта аз шиори фашистони олмонӣ дар соли 1933 - "Deutschland uber alles" мебошад. Дар моҳи майи соли 2014 дар Хонаи иттифоқҳои касаба сӯзонидани сокинони Одесса низ як улгӯгирӣ аст.
Амалиёти вижаи низомии Русия барои безарарсозӣ ва безараргардонии "майдони сайругашт"-и Украина натиҷаи табиии як озмоиши сисолаи "истиқлол"-и таҳти назорати Ғарб ва танҳо наҷоти бахши солими мардуми Украина аст. Дар рафти амалиёти Русия боз ҳам рӯшантар мегардад, ки чунин "давлатдорӣ" барои Аврупо ва ҷаҳон чӣ гуна хатарнок аст.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия рӯзи 3 март гуфт: "Мо намегузорем, бар зидди Русия, ки солҳои тӯлонӣ маҳз бо ҳамин ҳадаф омода мешуданд, таҳдид кунанд. Бахусус бо силоҳи ҳастаӣ, тавре таҳдиди ахирӣ сурат гирифт". Маскав хулосаҳое мебарорад, ки барои режими лухтакмонанди Киев фоҷеа мебошанд. Украина "мисли Олмон" нозизудоӣ мешавад.
Зимни баррасии пешниҳодҳои амниятии Русия ба Амрико дар мавриди баргардонидани НАТО ба мақоми соли 1997 дар кумитаи маҷлиси намояндагон рӯзи 2 март муовини аввали котиби давлатии ИМА Венди Шерман онро ҳамчун як дархости хандаовар шарҳ дод. Аммо таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки масъулияти "шарикон"-и ғарбӣ дар ҳамон ҷое ба миён меояд, ки бечазоӣ аз байн равад.