Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Лавров дар бораи музокирот бо Украина: Маскав посухи Киевро интизор аст

Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, Маскав ба даври нави музокирот бо Киев омода аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, Украина бо ҳар баҳона даври нави гуфтушунидро ба таъхир андохта истодааст.
Русия иттилоъ дар мавриди санаи ҷадиди музокиротро аз Украина интизор аст, навиштааст РИА "Новости" аз қавли Лавров.
Вазири умури хориҷии Русия гуфтааст, ҳайати Маскав чун ду даври пешин интизори маълумот аз Киев мебошад.

"Вазъ то ҷое ғайримуқаррарӣ менамояд, зоҳиран ҳама ба ҳосилшавии ҳарчи зудтари субот манфиатдоранд, аммо аз ҷониби дигар тарафе, ки бояд беш аз ҳама ҳавасманд бошад, ҷониби украинӣ баҳонаҷӯӣ мекунад", - гуфтаст вазири умури хориҷии Русия.

Вай таъкид кардаст, ки ҳайати Русия омодаи сафар ба макони даври сеюми музокирот аст, аммо ҳанӯз аз тарафи Украина иттилое нагирифтааст.
Инчунин Лавров аз изҳороти милитарии Владимир Зеленский, президенти Украина ёдоварӣ намуда, таъкид кардааст, ки ӯ зоҳиран ба музокирот майл надорад. "Аммо мо умедворем, ки бархӯрдаш тағйир меёбад", - илова намуд вазир.
Лавров гуфт, Зеленский қасди ташдиди мухолифат дар миёни НАТО ва Русияро дорад
Маврид ба зикр аст, ки амалиёти низомии Русия дар Украина 24 феврал оғоз шуда, феълан идома дорад. Дар баробари ин то ҳол ду даври музокироти Украина ва Русия рӯзҳои 28 феврал ва 3 март дар қаламрави Белорус баргузор шуданд.
Дар даври дуюм созиш шуд, ки барои тахлияи минтақаҳои даргир аз сокинони осишта, долонҳои гуманитарӣ ташкил карда шаванду интиқоли ғизо, дору ва дигар лавозимот таъмин шавад. Ҷониби Украина мегӯяд, даври сеюми музокирот дар оғози ҳафтаи оянда дар назар аст.