ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Набарди варзишкори тоҷик, Фаридун Одилов дар мусобиқаи қаҳрамонии Eagle Fighting Championship (Eagle FC) бо Александр Шлеменко баргузор намешавад.
Аз лағв шудани набарди ин ду варзишкор дар саҳифаи промоушн дар Instagram хабар дода шуд.
Мусобиқаи Одилов ва Шмеленко мебоист рӯзи 1 апрел дар Сочи дар доираи мусобиқаи Eagle FC 47 баргузор мешуд.
"Мутаассифона, Шторм (Шлеменко) барои барқарор кардани ҷароҳаташ вақт надорад. Фаридун Одилов бо рақиби нав мубориза мебарад", - омадааст дар изҳорот.
Қаблан Одилов изҳор дошт, ки бисёриҳо ӯро нодида мегиранд ва аз ин рӯ ваъда дода буд, ки барои дифоъ аз унвони қаҳрамонӣ омодагии ҷиддӣ дида, бар Шмеленко пирӯз мешавад.
Моҳи декабри соли 2021 размикори 29-солаи Тоҷикистон Фаридун Одилов бо варзишгари испанӣ Эноко Торрес вохӯрд. Мубориза 3 дакикаю 37 сония давом карда, дар дар даври якум ба охир расид.
Дар ин мусобиқа Одилов бо лақаби Терминатор унвони қаҳрамони худро ҳифз кард.
Фаридун феълан 12 ғалаба дорад. Ӯ дар давоми фаъолияти варзишӣ танҳо аз ду рақиб шикаст хӯрдааст.