ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. "Аэрофлот" аз 8 март тамоми парвозҳои хориҷияшро ба истиснои парвозҳо ба Минск қатъ мекунад.
Дар ин бора хадамоти матбуотии ин ширкат хабар медиҳад.
Ба гуфтаи ширкати ҳавопаймоӣ, ин тасмим "ба далели ба вуҷуд омадани ҳолатҳои изофӣ, ки ба фаъолияти парвозҳо халал мерасонад", гирифта шудааст.
"Аэрофлот" парвозҳояшро дар дохили Русия пурра идома медиҳад, ба истиснои маҳдудиятҳои муваққатии парвозҳо ба шаҳрҳои ҷануби кишвар. Парвозҳо ба Минск ва баръакс низ идома доранд", - омадааст дар хабар.
Аз 6 март "Аэрофлот" барои мусофирон чиптаи рафтуомад намефурӯшад, агар замони баргашти парвоз баъд аз 8 март бошад.
Онҳое, ки чиптаи яктарафа доранд, аз ҷониби ширкат то 8 март парвозашон анҷом мешавад.
Ширкати ҳавопаймоӣ кӯшиш мекунад, ки то замони қатъ шудани парвозҳо барои мусофироне, ки дар хориҷа қарор доранд, парвози бозгашт ба Русия ташкил мекунад.