Ӯзбекистониҳо дар як рӯз беш аз 60 миллион рубл харидорӣ кардаанд

Ба фарқ аз Тоҷикистон пули ирсолии коргарони муҳоҷири ӯзбекистонӣ аз Русия ба кишварашон рубл ҳастанд ва аз бонкҳои Ӯзбекистон ҳам бо пули миллӣ ва ҳам доллар онҳоро дарёфт мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Бонки марказии Ӯзбекистон омори харидуфурӯши асъор аз ҷониби шахсони воқеъиро нашр кард.
Маълум шуд, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон рӯзи 3 март ба маблағи 60 миллиону 152 ҳазору 990 рубл харидорӣ кардаанд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Дар он рӯз ҳамчунин 5 миллиону 480 ҳазору 530 рубл фурӯхта шудааст, омадааст дар маълумоти Бонки марказӣ.
Ҳамчунин дар як рӯзи ахир шаҳрвандони Ӯзбекистон беш аз 26 миллион доллар харидорӣ кардаанд. Ҳаҷми фурӯши асъор қариб 28 миллион долларро ташкил додааст.
Як рӯз пеш Бонки марказии Ӯзбекистон ба бонкҳои тиҷоратии инкишвар тавсия дод, ки қурби рублро нисбат ба сӯм мувофиқи нархномаҳои кунунии байналмилалӣ барои фаъолияти муътадили системаҳои интиқоли пул дар кишвар муқаррар кунанд.
"Global Times": Қатъи Русия аз SWIFT марги доллар аст
Танзимгари миллӣ таъкид кардааст, ки дар шароити тағйирёбии шадиди қурби рубли русӣ ва фарқиятҳои назаррас байни қурбҳо ӯзбекҳо дар Русия дар раванди табдили онҳо ба доллар ё евро зарар мебинанд.
Бонкҳои Ӯзбекистон аллакай ба харидуфурӯши рубл дар саррофиҳоро шуруъ кардаанд.
Ҳамин тавр қурби як рубли русӣ аз рӯзи душанбе то кунун дар Ӯзбекистон аллакай ба 35,02 сӯм коҳиш ёфта, ба 93,04 сӯм (-28,3%) расидааст.
Дар бонкҳои тиҷоратӣ фарқияти қурби харидуфурӯши рубл дар ин ҳафта алакай ду баробар, то 3 март мутаносибан 60-120 сӯмро ташкил додааст.
Дар Ӯзбекистон чун дар Тоҷикистон пули ирсолӣ аз Русия як манбаи муҳими даромади хонаводаҳои муҳоҷирон аст.
Аммо ба фарқ аз Тоҷикистон пули ирсолии коргарони муҳоҷири ӯзбекистонӣ аз Русия ба кишварашон рубл ҳастанд ва аз бонкҳои Ӯзбекистон ҳам бо пули миллӣ ва ҳам доллар онҳоро дарёфт мекунанд.

Рубл дар Тоҷикистон чӣ аҳвол дорад?

Қурби рубли дар Тоҷикистон низ ба фарқ аз авоили моҳи феврал ба таври назаррас коҳиш ёфт.
Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 4-уми март қурби рубл то 105 сомонӣ барои 1000 рубл поин рафт.
Дар ҳамин ҳол бонкҳои тиҷории Тоҷикистон қурби рублро дар поинтарин нишондод тайи солҳои охир муқаррар кардаанд.
"Алифбонк" - 113 сомонӣ;
"Ориёнбонк" - 105 сомонӣ;
Бонки "Эсхата" - 102 сомонӣ;
"Спитаменбонк" - 104 сомонӣ.