Трамп: ИМА аз барои Байден дар дӯзах месӯзад

Сиёсатмадор бори дигар аз амалкарди роҳбари Амрико интиқод кард ва гуфт, ки чӣ гуна Байден кишварро хароб мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Бинобар сиёсатҳои президенти ИМА Ҷо Байден Амрико "ба ҷаҳаннам меравад".
Дар ин бора раиси пешини Кохи Сафед Доналд Трамп дар суҳбат бо "Fox News" хабар дод.
Сиёсатмадор рейтинги Байденро шарҳ дод, ки ҳамагӣ 37% буд. Ин як минимуми таърихӣ аст: ҳеҷ гоҳ дар тӯли таърих ягон президенти Амрико чунин нишондоди пасттарини ҷонибдоронро надошт.
Трамп Путинро оқил номиду роҳбарони Амрикоро аблаҳ
Трамп таъкид кард, ки 37% мизони хеле поин аст.
"Аммо шумо чӣ гуна метавонед бо ӯ чунин рафтор кунед? Мамлакат ба дӯзах меравад! Ин дӯзах аст!", - хитоб кард роҳбари собиқи Кохи Сафед.
Илова бар ин сиёсатмадор нақшаҳои Байденро барои боло бурдани андоз интиқод кард. Ба ақидаи ӯ, чунин иқдом ба иқтисоди Амрико хисороти ҷуброннашаванда мерасонад.
"Чӣ тавр мумкин аст? Ман ҳеҷ гоҳ нашунидаам, шахсе, ки андозро боло бурдааст, дар интихобот пирӯз шудааст! Ва ӯ мехоҳад, ки андозҳоро боло барад ва ин иқтисодро комилан мекушад, комилан мекушад", - афзуд ӯ.
Ҳамчунин президенти собиқи Амрико қайд кард, ҷинояткорӣ дар шаҳрҳое, ки аъзои ҳизби Байден, демократҳо идора мекунанд, афзоиш ёфтааст.