Талоши Тоҷикистону Туркия барои рушди сайёҳии тарафайн

Ҳамоиши ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Туркия барои такон бахшидани ин соҳа баргузор гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Сад ширкати сайёҳии Тоҷикистон дар ҳамоиш дар шаҳри Истанбул зарфиятҳои сайёҳии кишварро муаррифӣ намуданд.
Тибқи иттилои Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон, ҳамоиш бо ибтикори сафорати кишвар дар Туркия баргузор гардида, мақомдорони давлатӣ ва бахши хусусии кишвари мизбон ба он ҷалб гардидаанд.
Ноиби вазири фарҳанг ва сайёҳии Туркия, Надир Алпаслан баргузории чунин чорабиниҳоро қадами муассир барои таҳкими ҳамкории ду кишвар дар бахши сайёҳӣ хондааст.
Намояндагони Тоҷикистон рӯнамо ва видеоҳо дар бораи табиати нодир ва дигар имконияти сайёҳии кишварро пешниҳоди ҳозирин кардаанд.
Хушқаду русидон: Туркия тоҷиконро ба меҳмонхонаҳояш даъват мекунад
Таъкид шудааст, ки дар доираи ин ҳамоиш ҳамчунин 12 ширкати тоҷикию туркӣ "Намоишгоҳи мавод ва маҳсулоти ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Туркия"-ро баргузор кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон бо бархе аз ширкатҳои сайёҳии Туркия барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик низ тавофуқ кардааст.
Аз ҷумла Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ахиран гуфт, бо оғози мавсими сайёҳии ҷадид дар назар аст, ки ҳудуди 500 муҳоҷири тоҷик ба меҳмонхонаҳои Туркия ба кор сафарбар гарданд. Интизор меравад, ки ин иқдом аз моҳи апрели соли равон оғоз шавад.
Дар мавриди талабот аз довталабон Маҳмадуллозода гуфт, ки аз асосиҳояш донистани забони русӣ мебошад, чун дар меҳмонхонаҳои Туркия асосан ба сайёҳон аз Русия хидматрасонӣ хоҳад шуд.