Мирзиёев бо Имрон Хон аз лоиҳаи калидӣ дар Афғонистон гуфт

Президенти Ӯзбекистон мегӯяд, татбиқи лоиҳаи роҳи оҳани фароафғонистонӣ минтақаро ба таври ҷиддӣ тағйир хоҳад дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон лоиҳаи роҳи Тирмиз - Пешоварро барои минтақа муҳим арзёбӣ кард.
Мирзиёев ин тарҳро, ки аз қаламрави Афғонистон мегузарад, бо сарвазири Покистон, Имрон Хон дар шаҳри Исломобод баррасӣ кард, хабар дод Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, Мирзиёев аз ин тарҳи инфрасохторӣ тавсиф намуда, зарфиятҳояшро барои такони минтақа ба сӯи рушд бузург арзёбӣ кардааст.
Ҷонибҳо инчунин вазъият дар Афғонистонро баррасӣ кард, муҳим хондаанд, ки толибҳо барои даст ёфтан ба эътирофи байналмилалӣ талаботи ҷомеаи ҷаҳониро бояд қонеъ кунанд.
Имрон Хон зимни нишасти матбуотӣ изҳор доштааст, ки ҳар ду кишвар талош доранд, то толибҳоро барои иҷрои шароити эътирофи байналмилалӣ такон диҳанд. Инчунин ӯ азм дорад, талош намояд, то дороиҳои басташудаи Афғонистон дар ИМА ба ҳукумати ҷадид дар ин кишвар дода шаванд.
Бонки Ҷаҳонӣ ният дорад, ба Афғонистон беш аз як миллиард доллар кумак кард
Ин дар ҳолест, ки Ӯзбекистон қаблан низ аз омодагияш барои иштирок дар лоиҳаҳои инфрасохтории Афғонистон иттилоъ дода буд.
Қаблан мақомдорони Ӯзбекистону Афғонистон дар Тирмиз гуфтушунид намуда, аз бархе созишҳо иттилоъ дода буданд. Аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, сохтмони хатти барқи Сурхон -Пули Хумрӣ ва сохтмони роҳи оҳани Тирмиз - Мазори Шариф - Кобул - Пешовар аз масоили мувофиқашудаи ҷонибҳо арзёбӣ гардиданд.
Толибҳо ҳукуматро дар Афғонистон нима моҳи августи соли 2021 ғасб намуда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз қудратдорони ҷадид ташкили ҳукумати ҳамашумул, риояи ҳуқуқи инсон, эҳтиром ба ҳаққи занон ба кору таҳсил, ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои террористӣ дар қаламрави ин кишварро тақозо дорад.