ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Лукашенко бори дигар изҳор кард, ки артиши Беларус дар амалиёти махсус дар Украина ширкат накардааст ва нахоҳад кард.
Ба таъкиди ӯ, баъзе қувваҳо кӯшиш мекунанд, ки Беларусро ба амалиёти ҷангӣ дар Украина ҷалб кунанд, вале Минск сарҳади давлатиро бо нерӯҳои худӣ фаро мегирад.
Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", унвон кард.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.
Рӯзи 3 март даври дуюми музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина дар Беларус баргузор гардид. Маскав ва Киев дар мавриди таъмини муштараки долонҳои башардӯстона барои кӯчонидани шаҳрвандон, интиқоли ғизо ва дору ба тавофуқ расиданд.
Интизор меравад, рӯзҳои наздик даври навбатии музокирот баргузор шавад.