ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Беш аз 20 000 ҳинду пас аз нашри тавсияҳои ВУХ Ҳиндустон Украинаро тарк кардаанд.
Дар ин бора Ариндам Багчӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҳиндустон рӯзи ҷумъа гуфт, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Теъдоди ҳиндуҳое, ки Украинаро тарк кардаанд, тибқи ҳисобҳои мо, аз замони нашри тавсияҳои мо 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ман мехоҳам қайд намоям, ки дар аввал (дар Украина) қариб 20 ҳазор нафар ба қайд гирифта шуда буд. Вале дар асл теъдоди онҳо бештар аст. Мо барои тарки Украина кардани шаҳрвандони кишварамон кумакро идома медиҳем", - гуфт ӯ.
Багчӣ қайд кард, ки дар як рӯзи гузашта 18 парвози дигар ба Ҳиндустон фуруд омада, ҳиндуҳоро аз кишварҳои ҳамсояи Украина дар доираи "Амалиёти Ганга" интиқол дод. Ҳамин тавр, тақрибан 4000 нафар ба Ҳинд расид.
"Теъдоди умумии парвозҳо 48-то буд, ки тавассути онҳо 10,344 ҳинду ба Ҳиндустон расид", - гуфт сухангӯи Вазорати хориҷа.
Вай қайд кард, ки дар давоми 24 соати оянда 16 парвози дигар ба кишварҳои ҳамсояи Украина барои тахлияи ҳиндуҳо, аз ҷумла чаҳор парвози нерӯҳои ҳавоии Ҳинд дар назар аст.
Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Ҳайатҳои Русия ва Украина аллакай ду даври музокира анҷом доданд, даври сеюм дар чанд рӯзи оянд дар назар аст.