ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон чор рӯз ҳаво номусоид шуда, хатари фаромадани тармаю баландшавии сатҳи об ва сангрезӣ боқӣ мемонад. КҲФ роҳҳои хатарнок дар кишварро номбар кард.
Тибқи маълумоти Ожонси ҳавошиносии кишвар, аз 5 то 8 март борони шадид (дар ноҳияҳои кӯҳӣ болотар аз 2500 метр - барфи тар) меборад.
КҲФ мегӯяд, бар асари боришот хатари баланд шудани сатҳи об дар дарёҳои Яхсу, Қизилсу (ҷануб) ва дар рӯдхонаҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, боқӣ мемонад.
"Дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани тарма ва сангрезиҳо, махсусан дар роҳҳои Душанбе — Айнӣ, Душанбе — Лахш, Душанбе — Сангвор, Душанбе — Хоруғ, Хоруғ — Ишкошим дар назар аст", - омадааст дар хабар.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват мекунад, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд.
Кумита тавсия медиҳад, ки ронандагон воситаҳои нақлиёти худро ба сафар омода созанд ва то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намуда, корҳои кишоварзӣ дар ин гуна манотиқ, ҷамъоварии гиёҳҳои гуногуни шифобахш, дарав кардани ҳезум, моҳигирӣ ва шикор дар навоҳии кӯҳсорро ба таъхир андозанд.
Манбаъ афзуда, ки дар ҳоли бо хатар рӯ ба рӯ шудани шаҳрвандон бо рақамҳои 112, 93 880 28 19 ё ба шуъбаи навбатдорӣ бо рақами 223 13 11 занг зананд.