Дар Астрахан назорат аз болои муҳоҷирон тақвият мешавад

Раиси вилояти Астрахан дастур дод, ки назорат аз болои муҳоҷирони воридшаванда ба ин минтақаро пурзӯр кунад, то аз ифротгароӣ ва хусумат ҷилавгирӣ шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Губернатори вилояти Астрахан Игор Бабушкин дастур дод, ки назорат болои муҳоҷироне, ки метавонанд ҷомеаро ноором созанд, пурзӯр шавад.
Дар ин бора раиси вилоят дар ҷаласаи ҳамоҳангсози таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дастур дод.

"Вилояти Астрахан як минтақаи марзӣ аст, аз ин рӯ ин мавзуъ барои мо ниҳоят муҳим аст. Бояд таъсири шаҳрвандони хориҷӣ ба рӯзномаи дохилӣ ба ҳадди ақал расонида шавад", - гуфт ӯ.

Бабушкин қайд кард, ки дар баъзе соҳаҳо вилоят ҳамоно ба қувваи корӣ эҳтиёҷ дорад, вале афзуд, ки бехатарӣ ва тартиботро набояд фаромӯш кард.
Аз ин рӯ ӯ даъват кард, ки аз болои шаҳрвандоне, ки ба минтақа меоянд ва кор мекунанд, назорат тақвият шавад.
Дар Русия қонуни нав қабул мешавад, ки ҳузури муҳоҷиронро осон мекунад: чӣ гуна қонун?
Раиси вилоят дастур додааст, ки ба талошҳои "ноором кардани ҷомеа, барангехтани ифротгароӣ, адовати байнимиллӣ ва мазҳабӣ" таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунанд.

"Сулҳу субот дар ҷомеаи мо аз сари вақт андешидани чораҳо ва ҳамоҳангии амали хадамоту шуъбаҳои кор бо муҳоҷирон вобаста аст", - таъкид кард Бабушкин.

Барои мониторинги вазъ ҷалби ҷавонон ва созмонҳои ҷамъиятӣ, намояндагони тамоми мазҳабҳои анъанавии минтақа ба нақша гирифта шудааст.