ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Бино ба иттилои ин манбаъ, то субҳи 2 март дар баробари ташдиди авзои амниятӣ дар Украина шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд, қаламрави он кишварро тарк кунанд, хеле афзоиш ёфтааст.
Департаменти иттилооти ин вазорат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, то ба ҳол 823 тоҷикистонӣ ба Лаҳистон ва 121 нафари дигар ба Молдова рафтанд.
“Ин рақамҳо метавонанд тағйир ёбанд, зеро хоҳишмандон дар сарҳадҳои Лаҳистону Молдова дар навбат истодаанд”, - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Украина, миёни осебдидагон дар ин кишвар шаҳрвандони кишвар нестанд.
Ҳамзамон Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки се нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳайати махсуси мониторингии САҲА кор мекунанд, ба шаҳри Ростови лаби Дон кӯчонида шудаанд.
Вазорати хориҷа қайд кардааст, ки сафорати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали рӯйдодҳо раванди тартиб додани рӯйхати шаҳрвандонеро, ки хоҳиши бозгашт ба Ватанро доранд, ба роҳ монд.
Бояд қайд кард, ки рӯзи 1 март як корманди сафорат ба шаҳри Кишинев ва як корманди дигар ба шаҳри Лвов фиристода шуданд, то масоили марбут ба хориҷ шудани шаҳрвандони моро дар ҳамон ҷо ҳал кунанд.
Хатҳои “тамоси доимӣ”-и телефонҳо фаъол буда, кормандони масъул вазифадор шудаанд, ки дар сурати муроҷиати шаҳрвнадон ба онҳо муфассал имконоти баргаштан ба Ватанро шарҳ диҳанд.
Тибқи иттилои Вазорати хориҷа дар қаламрави Украина наздик ба 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебурд, ки 101 нафарашон донишҷӯ мебошанд.