Вазорати молияи Тоҷикистон гуфт, касри буҷаи давлатиро аз кадом маблағҳо пур мекунад

Маълум шуд, ки аз ҳисоби кадом маблағҳои иловагӣ пӯшонидани касри буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Вазорати молияи Тоҷикистон тарҳи пӯшонидани касри буҷаи давлатиро гуфт, гузориш медиҳад хабаргузории “Авеста” бо истинод ба ин ниҳод.
Касри буҷаи давлатӣ дар соли 2022 аз тариқи маблағҳои аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ пӯшонида мешавад.
Инчунин аз ҳисоби қарзу грантҳои созмонҳои молии байналмилалӣ анҷоми ин кор низ дар назар аст.
Тибқи иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, касри умумии буҷаи давлатии кишвар дар соли ҷорӣ 0,6% аз маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ё беш аз 623,9 миллион сомонӣ (беш аз 55,2 миллион доллар) муқаррар шудааст.
Ин ниҳод ҳамчунин тавзеҳ додааст, ки даромади асосӣ барои пӯшонидани касри буҷаи давлатии кишвар аз ҳисоби фурӯши векселҳо ва маблағҳои озоди буҷаи ҷумҳуриявӣ гирифта мешавад.
Вазорати молия пешбинии дарёфти ҳаҷми қарзу грантро эълон кард: ба куҷо сарф мешавад?
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2022 аз тамоми манбаъҳо беш аз 33 миллиард сомонӣ (беш аз 2,9 миллиард доллар) муқаррар шудааст.
Қисмати хароҷот ба маблағи беш аз 33,6 миллиард сомонӣ (қариб 3 миллиард доллар) гуфта мешавад.
Даромад нисбат ба соли 2020 19,4% ё 5,3 миллиард сомонӣ (480 миллион доллар) афзоиш ёфтааст.