ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Филиппо Грандӣ, комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон дар саҳифаи "Twitter"-и худ навиштааст, ки шумори гурезагон аз Украина дар як ҳафта ба як миллион нафар расид.
"Ҳамагӣ дар ҳафт рӯз мо шоҳиди он шудем, ки як миллион паноҳанда аз Украина ба кишварҳои ҳамсоя гузаштанд", - навиштааст Грандӣ.
Ёдовар мешавем, чанде пеш дабири кулли СММ дар бораи вазъи мушкили гуманитарӣ дар марзҳои Украина изҳори назар карда буд. Антонио Гутерриш аз Русия хоҳиш кард, ки ҳарчи зудтар амалиёти низомии худро мутаваққиф кунад.
Амалиёти вижаи Русия дар Украина
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.