Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Русия омодааст, донишҷӯёни ҳиндиеро, ки мехоҳанд, Украинаро тарк кунанд, қабул кунад

Вазорати корҳои хориҷии Русия мегӯяд, ин кишвар омодааст, донишҷӯёни ҳиндиеро, ки мехоҳанд, Украинаро тарк кунанд, қабул кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Русия омодааст, донишҷӯёни хориҷиеро, ки талоши тарки Украинаро доранд, қабул кунад, гуфт вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров.
Ба гуфтаи ӯ, ҳиндуҳо, арабҳо ва африқоиҳоро, ки ҳоло талош доранд, Украинаро тарк кунанд, иҷоза намедиҳанд, ки аз хоки Украина бароянд.
"Мо вазъиятеро мебинем, ки хориҷиёне мехоҳанд, Украинаро тарк кунанд, аз ҷумла тавассути қаламрави Русия, дар истгоҳи роҳи оҳани Харков иҷозаи рафтанро надоранд. Мо омодаем, ин донишҷӯёнро қабул кунем", - гуфт вазир дар мусоҳиба бо расонаҳои Русия ва хориҷӣ.
Ин дар ҳолест, "Indian Express" гузориш медиҳад, ки донишҷӯёни ҳиндӣ дар Украина наметавонанд тарки ин кишвар кунанд ва бо хушунати артиши маҳаллӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ВАО аз муносибати бераҳмонаи артиши Украина бо донишҷӯёни ҳиндӣ гуфтанд
Ба онҳо ба далели он ки Ҳинд дар Шӯрои амнияти СММ аз раъйдиҳӣ алайҳи амалиёти вижаи Русия дар Украина худдорӣ кардааст, ғизо, об, паноҳгоҳ ва гузаргоҳи амн надодаанд.
Сарбозони украинӣ ҳамчунин аз донишҷӯён хостаанд, ки фармони онҳоро иҷро кунанд, вагарна шиканҷа мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Тарсу ҳарос аз тиру туфанг: вазъи даҳшатовар дар ҶХД - ба ривояти тасвир
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Шойгу гуфт, амалиёти вижаи артиши Русия дар Украина то кай давом мекунад
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.