ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин гуфт, амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс тибқи нақша ҷараён дорад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия зимни суҳбати телефонӣ бо раҳбари Фаронса Эммануэл Макрон баён дошт.
Путин таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш барои наҷоти ҷони ғайринизомиён ҳама талошро мекунанд. Силоҳҳои дақиқзан танҳо барои нест кардани инфрасохтори ҳарбӣ истифода мешаванд.
"Иддаоҳо дар бораи ҳамлаҳои мушакӣ, бомбборони Киев ва дигар шаҳрҳои Украина, ки гӯё идома доранд, воқеият надоранд ва унсурҳои як рӯхдоди иттилоотии зидди Русия мебошанд", - таъкид кард дафтари матбуотии Кремл.
Илова бар ин Путин ба иштибоҳҳое, ки раисҷумҳури Фаронса дар паёми ахири худ ба мардум роҳ додааст, ишора кард.
Раисҷумҳури Русия дар қиболи бисёре аз тезисҳои ҳамтояш изҳори норозигӣ кард. Аз ҷумла ин ки Макрон муборизаи Русия бар зидди миллатгароён дар Украинаро дурӯғ хонда буд.
Дар ин замина Путин ба раисҷумҳури Фаронса чанд далели радкунанда пешниҳод кард.
Раҳбари Русия таъкид кард, ки Маскав "ният дорад, муборизаи оштинопазири худро алайҳи ҷангҷӯёни гурӯҳҳои мусаллаҳи миллатгаро, ки ҷиноятҳои ҷангӣ содир мекунанд, аз ҷумла ҷойгир кардани техникаи низомӣ дар манотиқи маскунӣ ва истифодаи мардуми осоишта ҳамчун сипари зинда, идома диҳад".
Ҳамчунин Макрон аз вайронсозии созишномаҳои Минск аз ҷониби мақомоти Украина ва адами талоши Ғарб, ки Киевро ба иҷрои ин созишномаҳо водор карда метавонад, ёдовар нашуд.
Путин ба хомӯшии наслкушии тӯлонӣ алайҳи мардуми осоишта дар Донбасс ишора кард, ки боиси талафоти ҷонӣ гашта ва садҳо ҳазор сокинонро маҷбур карда, ки дар Федератсияи Русия паноҳгоҳ биҷӯянд.
Ба гуфтаи раҳбари Русия, шартҳои калидӣ барои Маскав дар музокирот бо Киев ғайринизомисозӣ ва мақоми бетарафии Украина мебошад.
"Ба таъхир андохтани вохӯрӣ танҳо ба он оварда мерасонад, ки талабҳои мо аз Киев бештар гардад", - қайд кард Кремл.
Илова бар ин Путин ва Макрон масъалаҳои башардӯстонаро низ баррасӣ карданд.
Ин савумин гуфтугӯи телефонии руасои ҷумҳурии Русия ва Фаронса аз замони оғози амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс аст.
Ёдовар мешавем, ки Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки ғайринизомисозӣ дар Украина анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зербинои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.
Рӯзи душанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус дидору гуфтугӯ карданд. Мулоқот тақрибан 5 соат давом кард.
Тавре ёвари раисиҷумҳури Русия Владимир Мединский қайд кард, ҷонибҳо тамоми рӯзномаи ҷаласаро муфассал баррасӣ намуда, барои пешгӯии мавқеъҳои муштарак нуктаҳое пайдо карданд.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Русия ва Украина дар Беловежская Пуша баргузор мешавад.