ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Музокирот бо ҳайати Украина метавонад рӯзи 3 март баргузор шавад.
Дар ин бора роҳбари ҳайати Федератсияи Русия, ёвари президенти Русия Владимир Мединский хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, мулоқот дар назар аст, соати 15:00 оғоз шавад.
Мединский ҳамчунин иттилоъ дар бораи ба таъхир андохтани музокироти Русияву Украинаро рад кард.
"Ба ҷои дигар ва ба рӯзи дигар гузоштани музокирот ба воқеият мувофиқат намекунад", - таъкид кард раҳбари ҳайати Русия.
Вай афзуд, ки баргузории мулоқот дар вилояти Брест дар назар аст.
Мединский тавзеҳ дод, ки бастаи пешниҳодҳои Русия дар музокирот бо Украина ҷанбаҳои масоили башардӯстона, сиёсӣ ва низомию фаннӣ дорад.
Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Украина аз ҷониби Лаҳистон меояд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи душанбеи 28-уми феврал ҳайатҳои Русия ва Украина барои ҳалли вазъ дар вилояти Гомели Беларус нахустин музокироти худро анҷом доданд.
Қарор буд, ки мулоқоти навбатии ҳайатҳои Русия ва Украина дар марзи Лаҳистону Беларус баргузор шавад. Он бояд дуюми март доир мешуд.