ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Ҳавошиносони тоҷик бодуҳавои дақиқи Тоҷикистонро пешгӯӣ карданд.
Ҳамин тавр, тибқи гузориши Ожонси ҳавошиносии кишвар, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаю бебориш мешавад.
Дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа сард, рӯзона 2-7 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18 дараҷа хунук, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо меғи тунук мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа гарм, рӯзона 14-19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо меғи тунук мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 19-24 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 дараҷа гарм, рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо меҳ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа гарм, рӯзона 16-21 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа гарм, рӯзона 18-20 дараҷа гарм мешавад.