ДУШАНБЕ, 3 мар – S putnik. Муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далели поин рафтани қурби рубл нияти тарки Русияро надоранд.
Дар ин бора Ренат Каримов, раиси иттифоқи касабаи муҳоҷирони кории Русия дар мусоҳиба бо радиои “Говорит Москва” хабар дод.
Каримов овозаҳо дар бораи саркашии муҳоҷирон аз сафар ба Русияро рад кард. Ба гуфтаи вай, иттифоқи касаба ба чунин ҳодиса дучор нашудааст ва касе аз чунин ниятҳо хабар надодааст.
“Ба иттифоқи касабаи мо ягон муҳоҷирони корӣ наомада ва нагуфтааст, ки аз кор даст мекашад. Мо бо ин гуна ҳолатҳо рӯ ба рӯ нашудаем”, - гуфт ӯ.
Қаблан намояндагони диаспораҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Екатеринбург чунин ҳолатро сабт карда буданд. Сабаб чунин иқдомро поин рафтани қурби рубли русӣ дар баробари доллар ва сомонӣ гуфта буданд.
Оқои Каримов ҳамчунин зикр кард, ки қурби рубл метавонад тағйир ёбад, вазъи иқтисодӣ ва вазъи ҷойҳои корӣ дар он кишварҳое, ки аз онҷо хориҷиён меоянд, то ҳол мушкил боқӣ монда аст.
"Мардум барои тарбияи фарзанд, бунёди хона ва ҳалли мушкилоти рӯзмарра ба ҷуз Ватан худ бояд дар якҷое кор кунанд", - қайд кард раиси иттифоқи касабаи муҳоҷирони кории Русия.
Ренат Каримов тавзеҳ дод, ки муҳоҷирон наметавонанд ин қадар зуд самтро иваз кунанд ва ба ҷои Русия ба дигар кишвар раванд.