ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Ахиран дидору гуфтугӯи Назирмад Ализода, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон бо Нуран Ниязалиев, муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон сурат гирифт, иттилоъ додааст Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо тамаркуз ба густариши пай дар пайи он муҳокима намуданд.
Дар ин мулоқот ҳамчунин аҳамияти нақши ҳамоҳангсози мақомоти корҳои хориҷӣ дар самти мувофиқасозии чорабиниҳо байни вазорату идораҳои ду кишвар дар соли 2022 таъкид гардид.
Пас аз шиддат гирифтани вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ҷонибҳо чандин протоколу санад ба имзо расониданд, ки поин овардани шиддати авзоъ ва идомаи раванди таъйину нишонагузории марзро дар назар дорад. Аммо ба гуфтаи коршиносон, муносибати байни кишварҳо шадид боқӣ монда, давраи номуайяниеро аз сар мегузаронанд.
Бояд қайд кард, ки тибқи иттилои Тоҷикистон, табодули мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2020 тақрибан 37 миллион долларро ташкил додааст, ки 0,8 дарсад аз миқдори умумии савдои Тоҷикистон ва 0,6 дарсад аз савдои Қирғизистонро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии омори Қирғизистон, дар чанд соли охир гардиши мол миёни Қирғизистону Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Дар соли 2019 он ба 67 миллион доллар расид, аммо дар соли 2020, бинобар пандемияи коронавирус ба 37 миллион доллар коҳиш ёфт. Гузашта аз ин ҳиссаи содирот, тибқи маълумоти расмӣ, тақрибан 80-90 дарсадро ташкил медиҳад.
Маҳсулоти кишоварзӣ ва сохтмон аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ва аз Қирғизистон сӯзишворӣ, орд, молҳои серистеъмоли чинӣ ва ғайра интиқол дода мешаванд.
Ёдрас мешавем, тӯли сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр аст, ки аз он то имрӯз танҳо 504 километраш таъйину нишонагузорӣ шудааст. Аксари вақт ихтилофҳое дар ҷиҳати истифода аз қитъаҳои баҳсии марзӣ, замин, об, убури ғайриқонунии марз байни ду кишвар ба амал меоянд.