Амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс рӯзи ҳафтум аст, ки идома дорад. Sputnik аз коршинос Александр Жилин дар бораи ҷузъиёти ин амалиёт суол кард.
Коршинос қайд кард, ки ҳоло дар Украина муҳосираи аксари шаҳрҳои бузург ба мисли Харков ва Киев идома дорад, ки ба зудӣ онҳо озод мешаванд.
"Бале, бартарияти артиши Русия дар он ҷо бузург аст, мошинҳои зиреҳпӯш ва шумори сарбозон зиёд аст, ҳамчунин артиш тамоми фазоро таҳти контроли худ дорад", - таъкид кард Жилин.
Аммо таҳлилгари низомӣ бар ин назар аст, ки барои ҷилавгирӣ аз талафот аз ҳар ду ҷониб абзори дипломатиро фаромӯш кардан лозим нест.
Дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар бораи суръати амалиёти вижа Жилин ҳадафҳои раҳбарияти низомии Русияро қайд кард.
"Метавонед аз тамоми тӯп, ҳама силоҳҳо истифода кард ва Киевро ба монанди Дрездени соли 1945 табдил дод. Оё ин ба касе лозим аст?", — суол карлд коршинос.
Вай тавзеҳ дод, ки бояд амнияти сокинони осоишта таъмин шавад.
Амалиёти вижаи Русия дар Украина
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.