Таъйини 12 сафири нав дар Тоҷикистон: Раҳмон эътимодномаҳояшонро қабул кард

Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо сафирони ҷадид умед ба таҳкими ҳамкориҳо кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз 12 сафири нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷӣ дар шаҳри Душанбе эътимоднома қабул кард.
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон дар феҳрасти дипломатҳои навтаъйин, аз ҷумла сафири нави Ҷопон, Айки Тошиҳиро, сафири Корея Квон Донг Сокро ном бурдаст.
Инчунин сафири Миср Назиҳ Алӣ Баҳа Аддин Аннагарӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ Муҳаммад Саид Муҳаммад Алариқӣ, Салтанати Умон Иброҳим ибн Аҳмад Алмуинӣ, Давлати Исроил хонум Зеавит Бен Хиллел, Подшоҳии Белгия Анрӣ Вантигем, Ҷумҳурии Австрия Вилли Кемпел, Подшоҳии Норвегия Ҷон Микал Квистад, Руминия хонум Мэдэлина Лупу, Ордени Мухтори Малта Иван Лалан Бердутик ва Канада Алан Хемсен эътимодномаҳояшонро ба Эмомалӣ Раҳмон супориданд.
Манбаъ афзуд, ки сафирони нав ба раисҷумҳури Тоҷикистон паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хешро тақдим карданд.
Сатторов ба Штайнмайер эътимоднома супурд
Эмомалӣ Раҳмон зимни истиқбол аз сафирони нав ҳамаашонро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиашон шодбош гуфтаст. Президенти Тоҷикистон кор дар мақоми сафириро пуршарафу ҳамзамон сермасъул хондааст.
Вай изҳори бовар намудааст, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ дар муносиботи кишварҳояшон бо Тоҷикистон такони тоза мебахшанд.
Раҳмон зикр кардааст, аксари кулли кишварҳое, ки муаррифии онҳо ба уҳдаи сафирони навтаъин вогузор гардидааст, соҳибихтиёрии Тоҷикистонро дар қатори аввалинҳо ба расмият шинохтаанд ва ҳоло дар қатори шарикони фаъоли байналмилалии Тоҷикистон қарор доранд.