ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Русия бо дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон як шаҳрванди Қирғизистонро боздошт намудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии он кишвар иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди Қирғизистон З. Достматов дар шаҳри Маскав боздошт гардидааст.
"25 феврал кормандони сафорати Қирғизистон дар Русия ба шуъбаи пулис рафта, далели боздошти ӯро муайян намуданд. Феълан сафорат барои ошкор кардани ҳолатҳои боздошт ва зудтар раҳо кардани шаҳрванди Қирғизистон тадбир меандешад", - омадааст дар хабари вазорат.
Дар ҳамин ҳол сафорати Қирғизистон дар Русия мегӯяд, дар замони ноамн будани вазъият дар марзи ин ду кишвар боздоштшуда дар қаламрави Русия қарор дошт.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан бо дархости Қирғизистон якчанд шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия боздошт шуда буданд.
Аз ҷумла ду шаҳрванди Тоҷикистон боздошт гардида, нахуст ба ҳукми абад равона шуданд. Баъдан додгоҳи ноҳияи Бодканди Қирғизистон ҳукми ҳабси абади онҳоро бознигарӣ намуд ва ҳамакнун онҳо ба 20 соли маҳрумият аз озодӣ ҳукм шудаанд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби муноқишаи шаҳрвандони ду кишвар шудааст.