Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Маскав гуфт, кадом таҳримҳо барояш ғайричашмдошт буд

Вазири умури хориҷии Русия таҳримҳоеро ном бурд, ки Маскав интизорашон набуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, ба таҳримот омода буданд, аммо бархе барои Маскав ғайричашмдошт рӯх доданд.
Лавров изҳор дошт, ки аз ҷумла таҳримҳо нисбати рӯзноманигорон, варзишкорон ва намояндагони фарҳангиро ҳич интизор надоштанд.

"Мо ба таҳримҳо омода будем, аммо интизор надоштем, ки зери таъсирашон варзишкорон, фарҳангиён, ҳунармандон, рӯзномнигорон ҳам қарор хоҳанд гирифт", - изҳор дошт вазир дар суҳбат бо шабакаи телевизионии "Аl-Jazeera".

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия низ изҳор дошт, ки Кремл гузинаҳои гуногуни таҳримҳо, аз сабук то шадидтаринашро дар назар гирифта, қаблан омодагӣ дида буд.
Дар баробари эълони таҳримоти молиявию иқтисодӣ инчунин дар бархе кишварҳо фаъолияти саҳифаҳои расонаҳои Русия масдуд ва шартномаҳо бо фарҳангиён қатъ шудаанд. Дар баробари ин маҳдудиятҳо алайҳи варзишкорону тимҳои Русия низ ҷорӣ шудаанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров: Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ ҳастаӣ хоҳад буд
Песков дар мавриди афзоиши сафи онҳое, ки алайҳи Русия таҳрим эълон кардаанд, таъкид намуд, ки ин амалашон душманона буда, бепосух нахоҳад монд. Ӯ гуфт, таҳримҳои ҷавобӣ таҳлилу таҳия хоҳанд шуд, то бар зарари Русия набошанд.