ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия мегӯяд, ҷонибдорӣ аз аъмоли президент дар кишвар афзоиш ёфтааст.
"Сатҳи афзоиши ҷонибдорӣ аз амалҳои Путин хеле баланд аст, мо инро эҳсос мекунем ва президент аз ин қувва мегирад", - овардааст РИА "Новости" аз қавли Песков.
Ӯ далели афзоиши эътимодро дар муроҷиатҳои бевоситаи шаҳрвандон ва парлумон хондааст, ки то ҷое ба гуфтааш оиннаи ҷомеа мебошад.
Дар ин робита бунёди "Афкори омма" низ хабар додааст, ки тайи як ҳафта эътимоди русиягиҳо ба Путин аз 60% то 71%, афзоиш ёфтааст.
Дар мавриди талафоти ҷониби Русия дар Украина, Пексов изҳор дошт, ки ба Путин, ҳамчун сарфармондеҳ тамоми ҷузъиёт гузориш дода мешавад.
Намояндаи Кремл аз додани иттилоъ дар бораи мизони талафоти Русия дар амалиёти низомии Украина худдорӣ карда, афзуд, ки ин салоҳияти истисноии Вазорати мудофиаи кившар мебошад.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро "ҳимояти мардуме, ки тӯли 8 сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд", унвон кард. Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина", таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад. Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд. Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд. Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.