Имкони қатъи равобити дипломатӣ миёни Русия ва Бритониё вуҷуд дорад

Сафири Русия дар Лондон қатъи равобити дипломатии ин кишвар бо Бритониёи Кабирро истисно накард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Андрей Келин, сафири Русия дар Бритониёи Кабир қатъи комили равобити дипломатии ду кишварро истисно накард, иттилоъ додааст хабаргузории РИА "Новости”.
"Ин имкон ҳамеша боқӣ мемонад, аммо мо дар ҷанг нестем ва қатъи равобити дипломатӣ маънои онро дорад, ки на танҳо мо, балки сафорати Бритониё дар Маскав низ маҷбур мешавад, Русияро тарк кунад”, - гуфт дипломати рус дар суҳбат бо шабакаи телевизиони "Россия 24".
Ҳамзамон раиси намояндагии дипломатӣ таъкид кард, ки ҳоло сафорат "дар реҷаи пешина" кор мекунад ва қабули консулӣ идома дорад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров: Маскав ба музокирот омодааст, Киев таъхиркорӣ дорад
Келин афзуд, ки тамоми суханрониҳои ӯ дар Лондон лағв карда мешаванд.
"Дирӯз ман бояд дар парлумон суханронӣ мекардам, онро лағв карданд. Рӯзи ҷумъа бояд дар Мактаби иқтисодии Лондон суханронӣ мекардам, ин ҳам лағв шуд", - илова кард сафир.
Дар охири моҳи феврал, пас аз он ки Маскав соҳибихтиёрии ҶМЛ ва ҶМД-ро эътироф кард, Бритониё бар зидди бархе аз бонкҳои Русия, инчунин тоҷирони бузург Геннадий Тимченко, Борис Ротенберг ва Игор Ротенберг таҳрим ҷорӣ кард.
Сипас Лондон дар робита ба амалиёти вижа дар Донбасс раисҷумҳур Владимир Путин, вазири умури хориҷӣ Сергей Лавров ва раҳбарони чанд ширкати Русияро таҳрим кард.
Рӯзи душанбе Лондон таҳримҳои бонкиро алайҳи "Сбербанк", ВТБ, "Откритие" ва "Совкомбанк" васеъ кард. Рӯзи сешанбе қонуне тасвиб шуд, ки тибқи он, вуруди киштиҳои марбут ба Русия ба бандарҳои Бритониё манъ карда мешавад.

Амалиёти вижаи Русия дар Украина

Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нерӯҳои Украина деҳаҳои Токмок ва Василевкаро бе ҷанг тарк карданд
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.