ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Генерал-майор Игор Конашенков, сухангӯи Вазорати дифои Русия рӯзи чаҳоршанбе ба хабарнигорон гуфт, нерӯҳои ҳавоии Русия дар чаҳорчӯби амалиёти вижа 67 зерсохти низомиро дар Украина тахриб карданд.
"Нерӯҳои авиатсияи оперативӣ-тактикӣ ва нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия ба зерсохтҳои низомии Украина зарбаи густурдаи ҳавоӣ заданд. Феълан 67 объект тахриб шудааст", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард. Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд. Он панҷ соат тӯл кашид.
Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд. Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.