ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон вазъи феълӣ дар ҷаҳонро мураккаб ва ҳасос хонда, ҳамраъйиву ҳамкориро муҳим хондааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сафирони навтаъйин дар Душанбе баён дошт.
Президенти Тоҷикистон дар шароити мураккаби феълӣ кор гирифтан аз усулҳои ҳусни тафоҳумро омили калидии амнияти глобалӣ хондааст.
"Дар чунин шароити ҳассос ҳамраъйиву ҳамкории самараноки байналмилалӣ ва таҳкими усули ҳусни тафоҳум дар муносибатҳои байни давлатҳо ҳамчун омили калидии устуворнокии ҷомеаи ҷаҳонӣ пешорӯи хатарҳо ва таҳдидҳои амниятии глобалӣ аҳамияти дучанд пайдо мекунад", - изҳор доштааст Раҳмон.
Ӯ дар хитоб ба сафирони навтаъйин афзудааст, ки "дар назди мо вазифаҳои умдаи вобаста ба тавсеа ва густариши минбаъдаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои созандаи кишварҳоямон истодаанд".
Эмомалӣ Раҳмон изҳор кардааст, ки давлати Тоҷикистон пешбурди минбаъдаи шарикӣ бо кишварҳои сафирони навтаъинро ҷузъи таркибии сиёсати хориҷии худ медонад ва дурнамои онро нек арзёбӣ менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки президенти Тоҷикистон ин нуткаҳоро зимни қабули эътимоднома аз сафирони кишварҳои Ҷопон, Корея, Миср, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Салтанати Умон, Исроил, Белгия, Австрия, Норвегия, Руминия, Ордени Мухтори Малта ва Канада баён доштаfст. Президенти Тоҷикистон омодагии ҳукуматашро барои пешбурди фаъолияти сафирони навтаъйин таъкид намудааст.