ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин Ван Венбин гуфт, Чин аз музокироти Русия ва Украина пуштибонӣ мекунад.
Ба гуфтаи вай, Чин дар ҳалли буҳрони Украина иҷрои нақши созандаро идома хоҳад дод. Венбин гуфт, ки аз оғози музокироти сулҳи ду кишвар истиқбол мекунад.
"Чин дар коҳиши ташдиди авзоъ дар Украина нақши созанда хоҳад дошт", - гуфт Ван.
Ҳамзамон намояндаи Вазорати хориҷаи Чин таъкид кард, ки ин кишвар ҳамеша аз ҳама гуна талошҳои дипломатие, ки ба ҳалли мусолиматомези буҳрони Украина мусоидат мекунад, дастгирӣ ва ташвиқ кардааст.
Дипломат изҳори умедворӣ кард, ки ҳар ду ҷониб раванди муколама ва музокиротро идома дода, барои ҳалли сиёсӣ, ки манфиатҳои қонунии амниятӣ дар назар гирифта шудааст, талош хоҳанд кард.
Ван Вэнбин инчунин тавзеҳ дод, ки Чин канали бози иртибот бо Украинаро нигоҳ медорад.
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.