Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Зеленский: Шаҳрҳои бузургамон дар муҳосираанд

Раисҷумҳури Украина таъйид намуд, ки шаҳрҳои бузурги ин кишвар дар муҳосираи нерӯҳои Русия қарор доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Владимир Зеленский, президенти Украина мегӯяд, тамоми шаҳрҳои бузурги ин кишвар дар иҳота қарор доранд.
"Айни ҳол ҳамаи шаҳрҳои бузурги кишвари мо дар муҳосира қарор доранд", - иқтибос овардааст РИА "Новости" аз муроҷиати видеоии Зеленский ба парлумони Аврупо.
Ин таъкиди Зеленский дар ҳолест, қаблан Вазорати дифои Русия эълон карда буд, ки назорати фазои Украинаро комилан дар ихтиёр қарор дорад, чун аксари дастгоҳҳои нерӯҳои ҳавоӣ тахриб шудаанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Пушилин: Аскарони асири Украина бо озуқа ва ёрии тиббӣ таъминанд
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро "ҳимояти мардуме, ки тӯли 8 сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд", унвон кард. Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина", таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад. Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд. Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд. Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.