Идомаи тирборони маҳаллаҳои истиқоматӣ дар Донетск - видеои хонаҳои тахрибшуда

Видеоҳои маҳаллаҳои истиқоматӣ, ки аз тири нерӯҳои мусаллаҳи Украина тахриб шудаанд, нашр гардиданд
Sputnik
Нерӯҳои мусаллаҳи Украина тирборон кардани минтақаҳои истиқоматӣ дар Донетскро идома дода истодаанд, изҳор медоранд сокинони маҳаллӣ.
Аз ҷумла маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Киеви шаҳри Донетск ҳадафи тирборон қарор гирифтаанд.
Як сокини маҳаллӣ дар суҳбат бо шабакаи "Telegram" зери унвони "Донбасс решает" қисса карда, ки чӣ гуна гулӯла ба хонааш афтид. Таъкид шудааст, ки дар натиҷа хонаю худраваш тахриб шудаанд.
Ҷабрдида дар навор изҳор медорад, ки худаш ҳамроҳи ҳамсару набера ва ҳамсояҳояш ҳеч осебе надидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврал амалиёти вижа барои ҳимояи Донбассро оғоз намуд, ки феълан идома дорад. Вазорати мудофиаи Русия мегӯяд, танҳо иншооти низомиро ҳадаф қарор додаанд ва амалиёти низомӣ сокинони мулкӣ дар Украинаро таҳдид намекунад.