ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар додааст, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар соли 2021 масъулини намояндагӣ 4558 нафар шаҳрвандони мамлакатро дар субъектҳои хоҷагидори Русия бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудаанд.
“Намояндагӣ дар соли 2021 вобаста ба самтҳои афзалиятноки худ дар доираи тадбирҳои андешидашуда дар робита ба фароҳамоварии ҷойи кори муносиб як қатор тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамчунин намояндагӣ қайд кардааст, ки дар ҳамкории пайваста бо субъектҳои хоҷагидори Русия дар доираи шартномаҳои баимзорасидаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия пайваста тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намудааст.
Манбаъ афзуд, дар соли 2021 бо соҳибкорон, корфармоён ва субъектҳои хоҷагидор 137 мулоқоту вохуриҳои корӣ барои ба таъмини ҷойи корӣ барои шаҳрвандони мамлакат баргузор шудааст
Намояндагӣ қайд кардааст, ки дар вохӯриву мулоқотҳо фароҳамоварии шароити корӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, баланд бардоштани тахассуси онҳо, ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ ба корхонаҳои мавсимӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори домӣ баррасӣ шудааст.