ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Русия иқдомоти Швейтсарияро, ки аз таҳримоти ғайриқонунии Иттиҳоди Аврупо ҳимоят кард, бепосух намегузорад.
Ин нуктаро дар суҳбат бо РИА "Новости" намояндаи сафири Русия дар Берн гуфтааст.
Инятсио Кассис, президенти Швейтсария эълон кард, ки ба тамоми таҳримоти эълонкардаи Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия мепайвандад.
Мақомдори сафорати Русия дар Берн ин иқдоми Швейтсарияро интиқод карда, изҳор дошт, ки ба ҷои таҳлили мунсифонаи омилҳо ин кишвар ба таҳримоти ғайриқонунӣ пайвастааст.
"Ба ҷои таҳлили сабабҳо, ки Русияро водор карданд, барои амнияти худу ҳифзи шаҳрвандони Донетску Луганск амалиёти вижа оғоз кунад, ҳол он ки онҳо 8 сол ҳадафи таҳқиру тирпарониҳо қарор доштанду дар натиҷа 15 ҳазор нафар ҳалок шуд", - изҳор карданд дар сафорат.
Таъкид шудааст, ки таҳримҳо ба азми Русия барои ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ дар бахши амниятӣ таъсире дошта наметавонанд.
"Иқдоми Берн алайҳи Русия ва Донетску Луганск наметавонанд рушди мунтазами кишварҳоямон ва кумакамонро ба онҳо боздорад", - илова намудааст мусоҳиб.
Мақомдори сафорат изҳор доштааст, ки бар асоси қавонини байналмилалӣ, аз ҷониби Русия низ таҳримоти ҷавобӣ сурат хоҳанд гирифт, ки феълан мавриди баррасӣ қарор доранд.
Маврид ба зикр аст, ки таҳримот алайҳи Русия дар пайи оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина, ки 24 феврал шуруъ шуда, феълан идома доранд, роҳандозӣ гардиданд.