ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия мегӯяд, дар Кремл аз пешниҳоди вакилони Думаи давлатӣ дар бораи барканорсозии мухолифони амалиёти низомӣ дар Украина хабар надоранд.
"Ростӣ, аз чунин ташаббуси вакилони Думаи давлатӣ хабар надорам", - овардааст РИА "Новости" аз қавли сухангӯи раисҷумҳури Русия.
Қаблан вакили Думаи давлатӣ Султон Ҳамзаев аз ҳизби ҳукмрони "Русияи воҳид" изҳор дошт, тарафдори барканории мақомдороне мебошад, ки мухолифи амалиёти низомӣ дар Украина мебошанд. Ҳамзаев таъкид намудааст, ки чунин мухолифин бояд аз вазифаҳояшон дар мақомот, ширкатҳои давлатӣ сабукдӯш шаванд.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро "ҳимояти мардуме, ки тӯли 8 сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд", унвон кард. Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина", таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад. Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд. Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд. Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.