Иттиҳодияи Аврупо Русияро бо ҷанги куллии иқтисодӣ ва молӣ таҳдид кард

Вазири молияи Фаронса гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо ҷанги куллии иқтисодиро алайҳи Русия оғоз мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Брюно Ле Мэр, вазири молияи Фаронса гуфт, Иттиҳодияи Аврупо талош хоҳад кард, Маскавро аз лиҳози иқтисодӣ пахш намояд.

"Мо бар зидди Русия ҷанги ҷаҳонии иқтисодӣ ва молӣ хоҳем кард", - гуфт вай ба радиои "France Info".

Пас аз оғози амалиёти вижа дар Украина кишварҳои ғарбӣ аз ҷорӣ намудни таҳримҳои нав хабар доданд.
Иттиҳодияи Аврупо амалиёти марбут ба идораи захираҳо ва дороиҳои Бонки Русияро мамнуъ кард.
"Google" дар Аврупо шабакаҳои "YouTube"-и вобаста ба RT ва "Sputnik"-ро қатъ мекунад
Ҳамчунин якчанд созмони бузурги молӣ, аз ҷумла "Сбербанк" ва ВТБ, таҳти маҳдудият қарор гирифтанд. Чанд бонки Русия аз SWIFT қатъ карда шуд.
Барои баъзе ширкатҳои давлатӣ ҷалби сармоя аз хориҷ мушкил шудаст. Олмон раванди иҷозатномадиҳии лӯлаи гази "Маҷрои шимолӣ-2"-ро қатъ кард.
Аврупо фазоашро ба рӯи ҳавопаймоҳои Русия баст.
Маскав хабар дод, ки нақшаеро алайҳи ин амали Аврупо тартиб додааст. Мақомот таъкид карданд, ба соҳибкороне, ки таҳти маҳдудият қарор гирифтаанд, ҳама гуна кумаки заруриро расонида, фаъолияти эътидоли иқтисодро фароҳам хоҳанд кард.