ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Кормандони пулис дар Маскав як гурӯҳи 3-нафара аз Осиёи Марказиро боздошт карданд, ки тақрибан 5000 муҳоҷири ғайриқонуниро дар қонунигардонии ҳузурашон дар Русия кумак кардаанд.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк хабар дод.
Дар маҷмӯъ 3 нафар боздошт шуданд, ки онҳо ба ташкили вуруд ва будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия муттаҳам мешаванд.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ маълум кардаанд, ки фаъолияти худро онҳо дар ҳудуди истгоҳи роҳи оҳани Рижский ва дигар иншооти Маскав сурат гирифтааст.
"Ба гумонбарон муяссар шуд, ки ҳузури ҳудуди 5 ҳазор шаҳрванди хориҷиро дар қаламрави Русия қонунӣ кунанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маъмурони пулис бо дастгирии Горди миллӣ созмондиҳандаи эҳтимолии гурӯҳ ва ду узви ин онро боздошт карданд", - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Волк, гумонбарон зодагони Осиёи Марказӣ будаанд. Ҳоло онҳо дар боздоштгоҳ қарор доранд.
Зимни кофтуков аз онҳо варақаҳои корти муҳоҷиратӣ бо муҳри гузаргоҳи марзӣ, патентҳои қалбакӣ барои кор, шаҳодатномаҳои супурдани имтиҳонҳо барои донистани забони русӣ, шаҳодатномаҳои супоридани санҷиши ПСР, шаҳодатномаҳои қалбакии ронандагӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо дарёфт шудааст.
Ҳамчунин компютерҳои дорои барномаҳои таҳияи шиносномаҳо ва шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ, СНИЛС, кортҳои муҳоҷират ва дигар ҳуҷҷатҳо, 65 телефони мобилӣ ва кортҳои бонкии онҳо низ мусодира шудааст.
Қаблан муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфта буд, ки дар соли 2021 ҳудуди ним миллион хориҷӣ ба шеваи қалбакӣ сабти ном шудаанд.
Ба гуфтаи вай, дар Русия дар бахши муҳоҷират тиҷорати ғайриқонунӣ ба роҳ монда шудааст. Медведев ҳамчунин муътақид аст, бозори ғайриқонунии кор дар Русия боиси эҷоди анклавҳои ба истилоҳ миллӣ мешавад, ки дар онҳо қонунҳои Русия аксаран татбиқ намешаванд.