ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Сокинони деҳоти Суғд мегӯянд, бо гузашти ҳамагӣ ду моҳ аз марҳалаи аввали қатъи барқ дар ин минтақа ҳоло барқрасонӣ дубора ба мушкил мувоҷеҳ шудааст.
Набиҷони Каримов, як сокинони ҷамоати ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, таъйи як ҳафта аст, ки шабона барқи манзили сокинон қатъ мешавад.
“Шабона, аз соати 22:00 то соати 05:00 барқро қатъ мекунанд. Сабаби ин ҳолро масъулони идораи барқ шарҳ намедиҳанд”, – гуфт ин ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол сокинони дигар навоҳии Суғд ҳам аз шеваи номукаммали барқрасонӣ шикоят мекунанд.
Анис Бозоров, як сокини деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштич мегӯяд, қатъи интиқоли барқ дар шароити рустоҳо, ки он ҷо ҳанӯз сардиҳои фасли зимистон хатм нашудаанд, кору зиндагии онҳоро ба мушкил мувоҷеҳ мекунад.
“Ба ҳама маълум аст, ки то Иди Наврӯз ҳамаи хонаҳо аз тариқи бухориву сандалиҳо гарм мешаванд. Аммо дар чунин ҳол торикӣ боз ҳам таъсир мерасонад. Барои мо тааҷҷубовар ин аст, ки чаро рӯзона барқро қатъ накарда, шабона, дар вақти лозим буданаш онро қатъ мекунанд?”, - суол мегузорад ин сокини Деваштич.
Рустам Пӯлотов, раиси ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан, ки тақсимоти барқи ҳама шаҳру навоҳии Суғдро ҳамин идора зери назорат дорад, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон қатъи барқ дар як қисмати шабонарӯз дар Суғдро таъйид кард.
Ин масъули идораи барқрасонии Суғд гуфт, ки ин мушкил ба гузаронидани таъмири хатҳои байнидавлатӣ ба вуҷуд омада ва дер давом намекунад.
“Ҳоло дар хатҳои баландшиддати байнидавлатҳо таъмир (профилактика) рафта истодааст. Бо супориши Хадамоти танзимгарии марказӣ қатъи барқ шабона ба вуҷуд омадааст. Ин мушкил рӯзҳои наздик бартараф мешавад”, – гуфт Пӯлотов.
Мушкили қатъи интиқоли барқ дар саросари кишвар аз нимаҳои моҳи сентябри соли гузашта шуруъ шуда, то моҳи декабр давом кард.
Масъулони идораҳои тақсимоти барқ дар оғози фасли тирамоҳ қатъи нерӯи барқро ба ҷараёни таъмир дар хатҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳои интиқоли барқ рабт медоданд. Онҳо мегуфтанд, ин ҳама корҳои профилактикӣ буда, барои дар сардиҳои фасли тирамоҳу зимистон бе мушкил расонидани барқи доимӣ ба аҳолӣ роҳандозӣ шудаанд.
Сокинон мегӯянд, ҳанӯз сардиҳои фасли зимистон сипарӣ нашуда, масъулин дубора ба қатъи барқ дар шаб шуруъ кардаанд.