ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Мақомоти Украина шаҳрвандони осоиштаро ҳамчун “сипари зинда" истифода мебаранд.
Дар ин бора Игор Конашенков, намояндаи расмии Вазорати дифои Русия ба хабарнигорон гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин кишвар соати комендантӣ эълон шудааст ва мақомот аз украиниҳо даъват мекунанд, ки дар хонаҳояшон бимонанд.
"Ин бори дигар собит мекунад, ки режими Киев сокинони шаҳрро ҳамчун сипари зинда истифода мекунад, чун воҳидҳои тӯпхонаӣ ва техникаи низомиро дар маҳаллаҳои истиқоматӣ ҷойгир кардаанд", - таъкид кард Конашенков.
Вай қайд кард, ки раҳбарияти ин кишвар мегӯяд, диверсантҳои Русия "гӯё дар Киев фаъолият доранду шаҳр дар муҳосира аст".
"Феълан украиниҳо метавонанд пойтахтро аз тариқи роҳи Киев - Василков озодона тарк кунанд. Ин роҳ кушода ва бехатар аст", - афзуд ӯ.
Конашенков афзуд, нерӯҳои мусаллаҳи Русия танҳо ба иншооти низомӣ ҳамла мекунанд ва чизе мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Илова бар ин намояндаи Вазорати дифоъ дар бораи ҷараёни амалиёти вижаи Маскав дар Украина сухан гуфт.
Ҳоло авиатсияи Русия аз ҳаво тамоми қаламрави кишварро таҳти назорат доранд.
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия беш аз 1000 иншооти зербинои низомиро дар Украина тахриб кардаанд.
Ба ин 31 нуқтаи фармондеҳӣ ва марказҳои алоқаи қувваҳои мусаллаҳи Украина, 314 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 57 системаи мушакии сершумор, 121 артиллерия ва миномёти саҳроӣ ва 274 мошини ҳарбӣ дохил мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки тасмим дар бораи баргузории амалиёти вижа дар Украина рӯзи 24 феврал аз сӯйи Владимир Путин президенти Русия гирифта шудааст.
Вай изҳор дошт, ки вазъият "аз мо чораҳои фаврӣ талаб мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс кумак хостаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд.
Ӯ аз низомиёни кишвари ҳамсояаш хостааст, ки дастурҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳҳоро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон баргарданд.