ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо вазирон ва роҳбари Бонки марказии Русия вазъи иқтисодии кишварро баррасӣ хоаҳд кард, иттилоъ додааст Дмитрий Песков сухангӯи Кохи Кремлин.
Вай афзуд, раисҷумҳури Русия бо ҳукумат паёмадҳои иқтисодии таҳримҳои кишварҳои ғарбиро баррасӣ хоҳад кард.
"Путин корашро дар Кремл идома медиҳад, имрӯз бо масъалаҳои иқтисодӣ машғул мешавад. Воқеияти иқтисодӣ, хеле тағйир ёфтааст, бинобар ин имрӯз Мишустин, Белоусов, Силуанов, Набиуллина, Греф ва эҳтимолан дигар намояндагони Дастгоҳи президент бо раисҷумҳур масъалаҳои иқтисодиро баррасӣ кунанд”, — гуфт ӯ.
Песков мушаххас карда натавонист, ки кадом қисмати ин мулоқот дар реҷаи озод баргузор мешавад.
“Ба президент дар бораи хатарҳо борҳо гузориш дода шудааст. Мулоқотҳои зиёде буд, аз ҷумла бо иштироки ӯ анҷом ёфта буданд. Дар ин ҷаласа ҳисоботи ҳамаи иштирокчиён шунида мешавад. Фикр намекунам, ки ҳамааш ошкор шавад”, - гуфт Песков.
Вай дар бораи нақшаи раисҷумҳур гуфт, ки қарор аст, дар нимаи дувуми рӯз Путин як гуфтугӯи телефонии байналмилалӣ анҷом диҳад.
Дигар тамосҳо, афзуд ӯ, ғайридавлатӣ мебошанд.
“Нақшаҳо зиёд ҳастанд ва президент дар Кремл кор мекунад”, - гуфт Песков.
Вай қайд кард, ки як рӯз пеш президент низ бисёр чорабиниҳои ғайридавлатӣ дошт.
“Дирӯз президент бисёр мулоқотҳои алоҳидаи корӣ, вохӯриҳои дорои хусусияти ғайридавлатӣ дошт. Шумо чорабиниҳои оммавиро дидед”, - гуфт Дмитрий Песков.