ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Украина баъд аз гуфтушунид бо Русия хулосаҳои зиёд мебарорад.
Дар ин бора Дэвид Арахамия, раиси ҷиноҳи "Хизматгори мардум" дар саҳифаи "Facebook"-и худ навишт.
Вай изҳори умедворӣ кард, ки пас аз амалиёти вижаи Маскав Киев "қарори кадрӣ"-и зиёде қабул хоҳад кард.
Ба гуфтаи сиёсатмадор, ҳама пешниҳодҳои Русияро оромона баркашидан лозим аст.
Арахамия яке аз аъзои ҳайати Украина аст, ки як рӯз пеш барои музокира бо ҷониби Русия ба Беларус рафт. Ин нишаст субҳи 28 феврал дар назар аст, аммо ба гуфтаи сиёсатшиносон, мумкин аст, замони он тағйир ёбад.
Ёдовар мешавем, ҳайати Русия рӯзи 27 феврал барои мулоқот бо намояндагони кишвари ҳамсоя вориди Гомел шуд. Аммо Владимир Зеленский раисҷумҳури Украина гуфтааст, ки аз музокирот дар Беларус худдорӣ мекунад.
Вай таклиф кард, ки нишаст дар ҳудуди давлати дигар гузаронда шавад. Дипломатҳои рус то соати 15:00 ҳамкорони худро интизор шуданд. Бегоҳ Зеленский ба Александр Лукашенко занг зад.
Пас аз он раҳбари Беларус бо Путин телефонӣ суҳбат кард. Вай таклиф кард, ки ҳайати вакилони Маскав интизор шаванд, чун сиёсатмадорони Украина барои мулоқот рафтаанд.
Қарор аст, музокирот дар марзи Беларусу Украина баргузор шавад. Ин музокирот аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Беларус назорат мешавад.
Ба гуфтаи Андрей Руденко, муовини вазири умури хориҷии Русия, тақозоҳои аслии Маскав ғайринизомисозии Киев хоҳанд буд.
Дар баробари ин ҳайати Русия ният дорад, ки бо ҳамкасбонаш дар бораи сулҳ суҳбат кунад.
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти вижаи низомиро дар Украина идома медиҳад.
Қарори баргузории онро рӯзи 24 феврал раисҷумҳури Русия Владимир Путин қабул кард. Вай изҳор дошт, ки вазъият "аз мо чораҳои фаврӣ талаб мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс кумак хостаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд.
Ӯ аз низомиёни кишвари ҳамсоя хост, дастурҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳҳояшонро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон баргарданд.
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина зарба намезананд, балки танҳо қисмҳои низомии онро безарар мегардонанд.