Муҷоҳид: Занон ба танҳоӣ ҳаққи хуруҷ аз Афғонистонро надоранд

Сухангӯи толибҳо ва муовини умури нашриёти Вазорати иттилоот ва фарҳанги ҳукумати сарпарасти толибон мегӯяд, марҳам барои заноне, ки қасди сафар аз Афғонистонро доранд, зарурӣ аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон ахиран гуфт, ки “то замоне ки авзоъ ва шароити зиндагии афғонистониҳои муқими хориҷ аз кишвар беҳтар нашавад, иҷоза нахоҳем дод, мардуми Афғонистон аз кишвар хориҷ раванд”.
Сухангӯи толибон афзуд, ба онҳое, ки “сабаб” надоранд, иҷозаи сафар ба хориҷ аз Афғонистон дода намешавад. Гурезаҳои афғон дар мамлакатҳои хориҷӣ дар вазъияти ногувор қарор доранд, гуфт вай.
Сухангӯи ҳукумати муваққати толибон гуфт: "Ҳукумат масъули ҳифзи мардум аст, аз ин рӯ мо аз хуруҷи шаҳрвандон ҷилавгирӣ мекунем."
Вай ҳамчунин мегӯяд, ки маҳрам барои заноне, ки қасди сафар аз Афғонистонро доранд, муҳим аст.
Рӯзона беш аз се ҳазор шаҳрванди Афғонистон ба Эрон меравад
Муҷоҳид ҳамчунин гуфт, бидуни сабабҳои муҳим сафари занонро ба хориҷ манъ карданд.
Муҷоҳид гуфтааст, ки маносики ҳаҷ яке аз фарзҳои ислом аст, аммо барои занон бидуни маҳрам фарз намешавад.
Бо суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва тасвиби сиёсатҳои шадиди Амрико ва Ғарб алайҳи ҳукумати толибон барои шаҳрвандони Афғонистон шароити душвор ба вуҷуд омадааст. Дар чунин шароит бисёре аз шаҳрвандони Афғонистон тасмим гирифтаанд, ки зодгоҳашонро тарк кунанд, то аз вазъи ногувори кунунӣ раҳо шаванд.